| Чанде пеш дар пайи шикояти Райхона Рахимова, овозхони точик, додситонии шахри Душанбе алайхи се рузноманигор парвандаи чинои боз кардааст. Талошхои мо барои пайдо кардани хонум Рахимова бенатича анчом ёфт, зеро ба гуфтаи бархе манобеъ у холо зохиран барои саёхат ба Туркия рафтааст. Аммо бо сардабири рузномаи «Овоза» ва чанде аз кормандони ин нашрия сухбате анчом додем. Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тахкикоти журнолистии Точикистон, боз шудани ин парвандаро гайриконуни арзёби кард. Окои Атовуллох гуфт, ки ин иттихомот на дар чорчуби конуни чинои ё кайфари, балки бар асоси конуни мадани бояд барраси шаванд. Вай афзуд, ки икдоми сахтгиронаи макомоти додситони алайхи сардабир ва ду хабарнигори нашрияи «Овоза» мумкин аст дар рохи озодии баён монеъ эчод кунад ва ба афзоиши худсонсури миёни рузноманигорони мустакилл доман занад. Саида Курбонова, сардабири рузномаи «Овоза» дар сухбат бо мо гуфт: «Аслан ин макола аз руйи ду сарчашма навишта шуда буд - сойти интернети ва видеюи барномаи кунсертие, ки Райхона Рахимова дар Афгонистон ичро кардааст. Зеваршо: «Оё Райхона дар чавоби маколаи шумо маколаи чавоби пешниход накард?» Саида: «На, боре хам мурочеъат накардааст, агарчи тибки моддаи 24 конун дар бораи матбуъот ин хаккро дорад. Он чи боъиси норохатии хонуми Райхона шуда на навиштаи муаллифони макола, балки чанд иктибос аз дидоргарони сомонаест, ки видеюи кунсерти ин овозхонро дар бар дошт. Бо пахши чанд оханги рок мерасем ба поёни барнома. Аз номи худ ва хамкоронам дар Душанбе ва Ландан бо шумо худохофизи мекунам. |