Барои ба даст овардани шухрат ва тасхири дили хаводорон мухимм нест, ки дар озмуни «Суруди сол» ширкат куни. Фируз Хакимов, гиторнавоз ва Хабиб Хакимов, овозхон, чанд мох пеш ин гурухро тарк карданд ва хар кадом холо мустакиллона фаъолият мекунанд. Дар истудиюи Би-би-си дар Душанбе сухбате доштам бо Хабиб дар ин бора: Зеваршо: «Хабиб, яке аз охангхои чадидат бо номи «Ачаб-ачаб нози ту» имруз миёни хаводоронат аз шухрати зиёде бархурдор аст, пас чаро ин оханг дар озмуни «Суруди сол» чой нагирифт?» Хабиб: «Медони Зеваршо, дар ин бора агар ман руйрост ва ошкоро бигуям, масъулони баргузории ин озмун аз ман хоханд ранчид. Хатто ин оханг, ки шумо гуфтед, дар номгуйи охангхое, ки тамошочиён имкони раъй додан ба онхоро доштанд, ворид нашуд. Рости, ман чандон хохиши ширкат дар ин озмунро надоштам, аммо дилам ба хаводорони охангхоям месузад, ки мехостанд оханги макбули худро дар озмуни «Суруди сол» бубинанд. Ба андешаи ман барои ба даст овардани шухрат ва тасхири дили хаводорон мухимм нест, ки дар озмуни «Суруди сол» ширкат куни, хаводорони охангхои ман бе ин хам имкони шунидани охангхои маро доранд ва ин хам боз як нуктаи заъфи кумитаи тадорукот ва родию-телевизиюни Точикистон аст». Зеваршо: «Хабиб, дар андешаи тахияи олбуми чадидат хасти?» Хабиб: «Оре, чаро на? Хатто шаш оханги олбуми чадидам низ омода аст, карор аст ин олбум дар Омрико мунташир шавад ва моххои июн-июли хамин сол ба дасти хаводоронам мерасад». Зеваршо: «Албатта, бидуни номи гурухи «Фарзин» ва дарвокеъ чаро ин гурух пош хурд? Хабиб: «Бале, ин олбум аз номи Хабиб Хакимов ба бозор ироа хохад шуд ва ба суоли чаро гурухи «Фарзин» пош хурд, ман намегуям, ки миёни ману Фируз, гиторнавоз ва охангсозу такмилгари охангхои гурухи «Фарзин» гурбаи сиёхе гузаштааст. На, мо дустиямонро идома медихем, танхо барои муддате бо Фируз тасмим гирифтем, ки аз хам чудо фаъолият кунем, агарчи Фируз акида дорад, ки ман дар танхои муваффак нахохам шуд. Аммо ман мехохам баръакси гуфтахои Фирузро исбот кунам. Zevarshoh@bbc.tj |